Раиси пойтахт санҷиши омодагӣ ба зимистонро супориш дод

Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба масоили омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистон машварати кории васеъ доир намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи аҳли ҳузорро оид ба тақвияти чораҳо нисбати омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронии пешорӯ нигаронида, ба комиссияи ҷамъиятии созмонёфта […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба масоили омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистон машварати кории васеъ доир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи аҳли ҳузорро оид ба тақвияти чораҳо нисбати омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронии пешорӯ нигаронида, ба комиссияи ҷамъиятии созмонёфта дастур фармуд, ки ҳолати омодагиҳо ва ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳои бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Душанбе №85-9 аз 19 апрели соли 2012 «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» тасдиқгардидаро аз ҷониби сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар марзи шаҳри Душанбе  фаъолияткунанда, мавриди санҷиш қарор дода, илова ба маълумотҳои омории дар ин хусус аз ҷониби сохторҳои зидахл ба Раиси шаҳр ироагашта, аз натиҷаи санҷишҳои дар таносуби ноҳияҳои шаҳр суратгиранда, унвонии шаҳрдорӣ ахбори расмӣ манзур созанд.

Дар машварат ҳамчунин масоили баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти муштариён бо оби нӯшокӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани ҳолати санитариву экологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, истифодаву хизматрасонии мақсадноки боғҳои фарҳангӣ ва риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ  дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сокинон низ баррасӣ шуд.

Ҳамчун масъалаи мубрам, ҷараёни корҳои дар мӯҳлати муқарраргашта барқарорсозии қисмати бар асари сӯхтор харобгардидаи ҶДММ «Бозори Корвон», баҳри ҳимояи ҳукуқи соҳибкорони зарардида иҷроиши чораҳои таъиншуда аз ҷониби маъмурият ва соҳибмулки бозори мазкур ва ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявиро оид ба дар мӯҳлатҳои муқаррарӣ ба анҷом расонидани ташхиси сабаб ва оқибатҳои сӯхторро дар ҶДММ «Бозори Корвон» бори дигар ба риштаи таҳлил кашида, афзуд, ки натиҷаи фаъолияти даҳрӯзаи Сидоти мазкур 19 сентябри соли 2012 дар сатҳи Раиси шаҳр  баррасӣ карда хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.