Шӯрои сиёсии ҲНИТ филми «Бегуноҳии мусалмонон»-ро маҳкум кард

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз як баёния интишор намуд, ки дар он муалифони филми таҳқиромез нисбати Расули акрам (с) «Бегуноҳии мусалмонон» қотеъона маҳкум карда мешаванд. Дар баёния зикр мегардад, ки шахсияти Паёмбар (с) волотарин арзиши исломӣ барои ҳар як мусалмон аст ва барои эҳтирому эътибор қоил шудан ба арзишҳои диниро санадҳои байналмиллалӣ ҳам […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз як баёния интишор намуд, ки дар он муалифони филми таҳқиромез нисбати Расули акрам (с) «Бегуноҳии мусалмонон» қотеъона маҳкум карда мешаванд.

Дар баёния зикр мегардад, ки шахсияти Паёмбар (с) волотарин арзиши исломӣ барои ҳар як мусалмон аст ва барои эҳтирому эътибор қоил шудан ба арзишҳои диниро санадҳои байналмиллалӣ ҳам таъкид кардаанд.

«Силсилаи ин гуна иқдому амалҳои тавҳиномез, бахусус нисбат ба арзишҳои исломиро доираҳое бо афкору назари маҳдуд тайи чанд сол аст, ки думбол мекунанд ва ғараз аз ин аъмол адами таҳаммули онҳо аз нуфузу густариши Ислом ва ба хотири ба вуҷуд овардани ваҳму ҳарос дар афкори ҷомеъаҳои мухталиф ва ҳушдор додани онҳо аз хатари ба ном исломист», – таъкид шудааст дар баёния.

Дар фарҷоми баёния гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲНИТ пахши ҳама гуна амалҳои иҳонатомезро нисбати шаъни Паёмбари бузургвори Ислом (с) хилофи арзишҳои умумибашарӣ шуморида, аз кишварҳои зидахл ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки аз як чунин амалҳои таҳқиромез ва барҳамзанандаи субот ҷилавгирӣ намуда, омилони ин аъмолро, сарфи назар аз пайрави дине будан ё набудан, ба ҷавобгарӣ бикашанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.