Чанде қабл суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионии ду нафар сокинони вилоятро, ки суди шаҳри Қӯрғонтеппа дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 9 соли зиндон маҳкум кард, баррасӣ намуд.
Суди вилоят ҳукм нисбати сокини ноҳияи Қумсангир Тилохӯҷа Муслимов ва сокини ноҳияи Бохтар Санавбар Гуловаро аз 24-уми август бетағйир боқӣ гузошт, аммо Ғулом Бобоев, ҳимоятгари маҳкумшуда Муслимов, аз қарори суди вилоят норозӣ буда, дар сурати розӣ будани зерҳимояаш аз болои ин қарор шикоят бурданист.
«Зерҳимояи ман Тилохӯҷа Муслимов гунаҳкор нест. Айби ӯ на дар ҷараёни тафтишоти пешакиву на дар мурофиаи судӣ исбот нашуд. Тамоми далелҳои айбнома бар асоси гумону тахмин ва фарзияҳои сохтаи муфатишону кормандони фаврии мақомот тартиб дода шудааст», – изҳор кард ҳимоятгар.
Ба қавли вай, дар ин робита наздикони Муслимов ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат кардаанд. Дар асоси шикояти модари боздоштшуда дар бораи боздошти ғайриқонунии писараш санҷиш доир гардида, дар ҷараёни санҷиш чанде аз далелҳо тасдиқ гардида, қарор шуд, ки нисбат ба се нафар кормандони РВКД дар вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноӣ боз шавад. «Аммо сипас прокуратураи вилоят парвандаро барои омӯзиш дархост намуда, аллакай чанд моҳ сипарӣ шуд, вале аз прокуратура ҳеҷ посухе ба мо нарасидааст», – гуфт Бобоев.
Як манбаъ аз Агентии зиддифасоди вилояти Хатлон низ тасдиқ кард, ки парванда ба прокуратураи вилоят ирсол шуда, аз онҷо ҷиҳати омӯзиш ба Прокуратураи генералӣ фиристода шудааст. «Дар бораи ин парванда дигар чизе ба мо маълум нест», – гуфт сарчашмаи хабар.
Ёдрас мекунем, ки 24-уми август суди шаҳри Қӯрғонтеппа сокини ноҳияи Қумсангир Тилохӯҷа Муслимов ва сокини ноҳияи Бохтар Санавбар Гуловаро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳар кадомеро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Он замон Ғулом Бобоев, ҳимоятгари Муслимов, изҳор дошта буд, ки ҳукми судро ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ мешуморад. Ба қавли номбурда, Муслимов таҳти шиканҷа баёнот додааст ва инро ду ташхиси тиббии доиргардида тасдиқ мекунанд.
Хуршед Сафаров, ҳимоятгари Санавбар Гулова низ ҳукми додгоҳ нисбат ба зерҳимояи худро ғайримунсифона унвон карда буд.
Айбдоркунандаи давлатӣ ба Тилохӯҷа Муслимов 10 сол ва Санавбар Гулова ҳукми 11 соли зиндонро талаб карда буд. Тилохӯҷа Муслимов ва Санавбар Гулова 14-уми апрели соли равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии 1 кило маводи мухаддири афюн аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.


