Суханронии охирини Аҳмадинажод аз минбари СММ

Зимни суханронӣ дар муколамаҳои сиёсии иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод изҳор кард, ки тартиботи кунунии ҷаҳон ба табъиз ва беадолатӣ асос ёфтааст. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, Аҳмадинажод таъкид кардааст, ки ҷаҳон ба тартиботи ҷадид ва тарзи афкори тоза ниёз дошта, мебояд монеаҳои иштироки тамоми давлатҳо дар идораи глобалии ҷаҳонро […]

ASIA-Plus


Зимни суханронӣ дар муколамаҳои сиёсии иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод изҳор кард, ки тартиботи кунунии ҷаҳон ба табъиз ва беадолатӣ асос ёфтааст.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, Аҳмадинажод таъкид кардааст, ки ҷаҳон ба тартиботи ҷадид ва тарзи афкори тоза ниёз дошта, мебояд монеаҳои иштироки тамоми давлатҳо дар идораи глобалии ҷаҳонро бартараф намуд.

«Вазъи кунунии мудҳиш дар дунё ва ҳодисаҳои фоҷеабори таърих аслан ба идораи нодурусти ҷаҳон ва маркази ҳокимияти худтаъсис марбут мебошад, ки худро ба шайтон таслим кардааст», – изҳор доштааст президенти Эрон.

Маҳмуди Аҳмадинажод фаъолияти Созмони Милали Муттаҳидро мавриди интиқод қарор дода, ба азнавсозии сохтори он даъват кард. Президенти Эрон ба инҳисори ҳокимият аз ҷониби кишварҳои ҷудогона дар Шӯрои амнияти СММ низ ишора намуд.

Ӯ ҳамчунин ба мушкилоти фақру камбизоатӣ дар саросари ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, зикр кард, ки ҳаҷми умумии қарзи 18 кишварҳои индустриалӣ зиёда аз 60 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва пардохти ҳатто нисфи ин ҳаҷми қарз барои аз байн бурдани фақр дар ҷаҳон кофӣ аст.

Президенти Эрон дар иҷлосияи Маҷмаъи кулли СММ маротибаи ҳаштум ва бори охирин ба сифати сарвари давлат суханронӣ намуд.

Таври маъмул зимни суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод ҳайати кишварҳои Исроилу ИМА ва Канада толори иҷлосияро тарк карданд.

Моҳи июни соли равон М.Аҳмадинажод изҳор карда буд, ки дар маъракаи интихоботи президент дар соли 2013 ширкат нахоҳад варзид.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон бар ин назаранд, ки мансабро тарк гуфтани М.Аҳмадинажод чизеро дар вазъи Эрон тағйир намедиҳад, зеро тамомияти ҳокимият на ба президент, балки ба пешвои маънавӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ тааллуқ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.