Интизории намояндагони ҲКТ ва ҲХДТ аз сафари Путин ба Душанбе

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мутмаин аст, ки сафари қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон танҳо хусусияти «дидори самимият»-ро надошта, ӯ аз ин боздид натиҷаҳои муассирро интизор аст. Ба андешаи ӯ, воқеияти имрӯз гувоҳи онанд, ки агар Русия дар таҳкими муносибатҳояш бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус дар бахши […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мутмаин аст, ки сафари қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон танҳо хусусияти «дидори самимият»-ро надошта, ӯ аз ин боздид натиҷаҳои муассирро интизор аст.

Ба андешаи ӯ, воқеияти имрӯз гувоҳи онанд, ки агар Русия дар таҳкими муносибатҳояш бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус дар бахши иқтисод иқдоми муассир пеш нагирад, дар як фурсати кӯтоҳе метавонад мавқеаш дар ин минтақаро аз даст бидиҳад.

«Андешаҳои дар баъзе доираҳо пайдошуда доир ба ин боздид, ки дар сафари Путин ба Душанбе асосан масоили тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ, мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ баррасӣ мешаванд, асоси воқеӣ надоранд, – муътақид аст Шабдолов. – Дар ниҳояти кор имрӯз дар Русия ба дарки он расида истодаанд, ки истифодаи имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад ба пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаву муассисаҳои саноати энергетикаи Русия миллиардҳо фармоиш ба вуҷуд оварад ва иштирок дар амалисозии лоиҳаҳое ба мисли нерӯгоҳи «Роғун» ё CASA-1000 ба таҳкими ҳузури Русия дар минтақаи бузурги Осиё шароити мусоид муҳайё месозад».

Ғайр аз ин, ба андешаи Шабдолов, масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои илму фарҳанг ва маориф низ набояд аз таваҷҷуҳи сарони кишварҳо дур бимонад. «Имрӯз бахши илмҳои дақиқи Тоҷикистон, аз қабили зилзилашиносиву физикаи ядроӣ ва таҳқиқоти кайҳон бидуни фармоишоти Русия қариб беамал мондаанд», – афзуд вакили парлумони Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Галия Рабиева бар ин назар аст, ки сафари президенти Русия ба Тоҷикистон бояд ба сардиву шиддати ҷойдошта дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо хотима бахшад. Ба қавли ӯ, чунин сардии муносибатҳо асосан дар масоили ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникии кишварҳо ба мушоҳида мерасанд. «Сиёсати мутавозини сарвари давлати Русия ба он умедвор месозад, ки ин сафари ӯ ба нафъи ҳарду кишвар анҷом хоҳад ёфт», – афзуд Г.Рабиева.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.