Аз соли нав кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба реҷаи нави тиҷорат мегузаранд, – иттилоъ медиҳад Кумитаи иҷроияи Иттиҳод.
Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроия, то кунун ҳашт кишвари ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон дар бораи пайвастан ба минтақаи озоди тиҷорати иқтисодӣ созишнома ба имзо расонидаанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон низ ҳамроҳшавӣ ба ин минтақаро дархост намуда, то ахири сол ба он шомил хоҳад гардид.
«Айни замон ин созишнома дар Молдова, Русия, Белорус ва Арманистон тасдиқ гардида, то ахири сол дар кишварҳои боқимонда низ тасдиқ мегардад, – гуфтааст Лебедев.
Номбурда ҳамчунин афзудааст, аз соли нав кишварҳои узви ИДМ ба реҷаи нави тиҷорат дар паҳнои дорои 200 млн. аҳолӣ мегузаранд, ки барои ҳар як кишвар муфид аст, зеро ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ мусоидат мекунад.
Ёдрас мекунем, ки Шартнома дар бораи минтақаи озоди тиҷорат дар доираи ИДМ 18-уми октябри соли 2011 аз ҷониби ҳашт кишвар – Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Украина ба имзо расида буд.



