Нахустин ҳукми айбдорӣ тибқи моддаи «Шиканҷа» дар Тоҷикистон

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бори нахуст собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ба истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ муттаҳам дониста шуда, ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид. Ғайр аз ин, ба ӯ ҷазои иловагӣ дар шакли манъи ишғоли вазифа дар мақомоти милиса ба муддати 5 сол низ муқаррар шудааст. Пас аз содир […]

Заррина Эргашева


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бори нахуст собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ба истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ муттаҳам дониста шуда, ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид.

Ғайр аз ин, ба ӯ ҷазои иловагӣ дар шакли манъи ишғоли вазифа дар мақомоти милиса ба муддати 5 сол низ муқаррар шудааст. Пас аз содир шудани ҳукм ҳимоятгарони судшаванда изҳор карданд, ки аз қарори суд норозӣ буда, ба суди вилоят ҷиҳати бекор кардани ин ҳукм шикояти кассатсионӣ мебаранд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» падари судшаванда изҳор кард, ки аз қарори суд қаноатманд нест. «Ин ҳамааш туҳмат аст. Шояд ҷойи писари ман ба касе даркор шуда бошад ва тасмим гирифтанд, ки ӯро барканор созанд», – гуфт ӯ.

Ҷониби ҷабрдида аз қарори суд қаноатманд будани худро изҳор дошт. «Писари ноболиғи маро бидуни ҳеҷ сабабе лату кӯб ва маъюб карданд. Ӯ худро куштанӣ буд, зеро дар ин андеша буд, ки боз дубора мавриди лату кӯб ва азобу шиканҷа қарор мегирад. Қарори суд одилона буда, мо қаноатмандем», – гуфт ӯ.

Ғайр аз ин, суд даъвои шаҳрвандӣ ба ин парвандаи ҷиноӣ оид ба ҷуброни молӣ барои табаобати ҷабрдида дар ҳаҷми 1 ҳазору 619 сомониро низ қонеъ намуд. Маблағи мазкур аз ҷониби Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон ва судшаванда М.Алиев ҷуброн хоҳад гардид.

Падари ҷабрдида мегӯяд, рӯзи 29-уми апрели соли 2012 пас аз ҷустуҷӯи зиёд писараш дар чердаки яке аз бомҳои деҳаи Қулободи ноҳияи Ёвон ба дор овехта дарёфт шуд. Наврас дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуда, муддати ду ҳафта онҷо табобат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки ҷабрдида пас аз бозпурсӣ ва мавриди шиканҷаву лату кӯб қарор гирифтан аз ҷониби нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, аз ноумедиву тарсу ҳарос ба ин кор даст зада буд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.