Қадрдонии 600 нафар омӯзгорон дар остонаи ҷашни касбӣ

Ахири ҳафтаи аввали моҳи октябр чун анъана дар Тоҷикистон Иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ин ҷашн дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ҳудуди 600 нафар омӯзгорон ба ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҶТ Зиёратшо Нарзуллоев хабар […]


Ахири ҳафтаи аввали моҳи октябр чун анъана дар Тоҷикистон Иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ин ҷашн дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ҳудуди 600 нафар омӯзгорон ба ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҶТ Зиёратшо Нарзуллоев хабар дод, панҷ нафар омӯзгорон бо мукофотпулии президентӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардонида шуда, ҳамчунин ба омӯзгорон 17 номгӯйи мукофоту унвонҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф тақдим мегарданд.

Бино ба маълумоти ахири Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, айни замон шумори умумии омӯзгорон дар Тоҷикистон ба 94 ҳазору 700 нафар мерасад, ки 53 ҳазору 148 нафари онҳо занон мебошанд. Феълан макотиби кишвар ба беш аз ҳазор нафар омӯзгорон ниёз доранд, ки чунин вазъ бештар дар деҳот ба мушоҳида мерасад.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи ҷаҳонии омӯзгорон соли 1994 таъси ёфта, он дар зиёда аз 100 кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.