Ифтитоҳи шуъбаи омодагии Донишгоҳи тиббӣ дар коллеҷи тиббии Кӯлоб

Дар коллеҷи тиббии Кӯлоб оид ба интихоби омӯзгорон ба шуъбаи омодагии Донишгоҳои тиббии Тоҷикистон, ки расман ифтитоҳ мешавад, озмун доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори коллеҷ Ҷумъахон Назаров хабар дод, 10 нафар омӯзгорон интихоб гардида, аз 1-уми ноябр 40 нафар толибилмонро баҳри қабул шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон омода месозанд. Ба қавли Назаров, […]


Дар коллеҷи тиббии Кӯлоб оид ба интихоби омӯзгорон ба шуъбаи омодагии Донишгоҳои тиббии Тоҷикистон, ки расман ифтитоҳ мешавад, озмун доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори коллеҷ Ҷумъахон Назаров хабар дод, 10 нафар омӯзгорон интихоб гардида, аз 1-уми ноябр 40 нафар толибилмонро баҳри қабул шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон омода месозанд.

Ба қавли Назаров, аз рӯйи натоиҷи соли хониши 2011/2012, ки бар асоси санҷиш 8 нафар шунавандагон аз шуъбаи омодагӣ бевосита ба Донишгоҳи тиббӣ, чор нафар ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллӣ ва боз ду нафари дигар ба макотиби олии тиббии Украина дохил шуданд, коллеҷ аз ин ҳуқуқ бархӯрдор шуд.

«Бо назардошти имконоти омӯзгорони мо ва заминаи моддии коллеҷи тиббӣ мақомоти раҳбарии Донишгоҳи тиббӣ тасмим гирифт, ки дар коллеҷ расман шуъбаи омодагиро боз намояд», – гуфт роҳбари коллеҷ.

Номбурда изҳор кард, ки мувофиқи озмун ба шуъбаи омодагӣ тамоми сокинони 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қабул карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар коллеҷи тиббии Кӯлоб аз рӯйи 7 ихтисоси тиббӣ 3 ҳазор нафар донишҷӯён тҳсил мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.