Тендери «Конимансури Калон» ба марҳилаи ниҳоӣ расид

Тендер оид ба интихоби сармоягузор ба коркарди кони нуқраи «Конимансури Калон» дар минтақаи шимоли Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузрӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Шуҳрат Раҳматбоев хабар дод, ҷаласаи охири комиссияи тендерӣ ояндаи наздик баргузор гардида, дар он тасмими ниҳоӣ гирифта хоҳад шуд. «Довталаби коркарди кон […]


Тендер оид ба интихоби сармоягузор ба коркарди кони нуқраи «Конимансури Калон» дар минтақаи шимоли Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузрӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Шуҳрат Раҳматбоев хабар дод, ҷаласаи охири комиссияи тендерӣ ояндаи наздик баргузор гардида, дар он тасмими ниҳоӣ гирифта хоҳад шуд.

«Довталаби коркарди кон консорсиуми иборат аз чор ширкат – «Казцинк»-и Қазоқистон, Glencore International (Швейтсария), «Конимансур» (Қазоқистон) ва ҶСК «Адрасмон» (Тоҷикистон) мебошад. Вале ин маънои онро надорад, ки тендер боздошта мешавад. Тедерро мо метавонем бо як иштирокчӣ ҳам идома диҳем», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, комиссия ҳуҷҷатҳои ниҳоиро қабул намуда, онро ба иштирокчии ягона пешниҳод мекунад, то ки иштирокчӣ ба ҳукумат пешниҳоди тендерии худро супорад ва агар ин пешниҳоди қобили қабули ҳукумат гардад, пас бо ғолиби тендер созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расида, ӯ ба коркарди кон ҳуқуқ пайдо мекунад.

«Агар пешниҳоди тендерӣ дар ҳукумат қобили қабул нагардад, тендери такрорӣ эълон мегардад ё тендер доирнагардида шуморида мешавад», – изҳор кард Раҳматбоев.

Дар ҳукумат муътақиданд, ки ба ин монанд лоиҳаҳои бузургмиқёс баррасии дақиқи интихоби сармоягузорро тақозо мекунанд, зеро дар ин гуна лоиҳаҳо маблағи сармоягузориҳо бояд 3-4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил диҳанд.

«Конимансури Калон» – кон воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, яке аз калонтарин конҳои нуқра дар дунё ба ҳисоб меравад. Кони мазкур дар солҳои 70-80-уми асри XX тадқиқ карда шудааст. Захираҳои кон тақрибан 1 млрд. тонн маъданро бо таркиби нуқра 49 г дар 1 тонна, сурб – 0,49 % дар 1 тонна ва руҳ – 0,38% дар 1 тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои умумии нуқраи Конимансури Калон зиёда аз 50000 тонна мебошад.

Корпоратсияи байнулмилалии молимявӣ (IFC), узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба сифати мушовирон дар ин лоиҳа ҳузур дошта, ташхиси техникӣ аз ҷониби ширкати байнулмилалии Micon Int гузаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.