Вазири корҳои дохилии Русия дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноёте, […]


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноёте, ки дар заминаи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир содир мегарданд, зоҳир гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҳамгироии босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳои гуногун ва дастгир кардани ҷинояткорони пурхатар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки робитаҳои самарабахши вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар минбаъд дар самти мубодилаи иттилооти фаврӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа ва расондани кӯмаки техникӣ бояд боз ҳам густариш ёбанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва баланд бардоштани самарбахшии он қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.