Ҷавобгарии як сокини Вахш барои маълумоти бардурӯғ дар бораи ҷиноят

Як сокини ноҳияи Вахш барои дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ дар бораи содир гардидани ҷиноят назди қонун ҷавоб мегӯяд. Ба қавли прокурори ноҳияи Вахш Юсуфҷони Юсуфзода, мақомоти прокуратураи ноҳияи Вахш парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини маҳаллӣ Абдухолиқ Бӯтаевро ба суд ирсол намудааст. «Муайян карда шуд, ки моҳи майи соли равон Бӯтаев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқия […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Як сокини ноҳияи Вахш барои дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ дар бораи содир гардидани ҷиноят назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Ба қавли прокурори ноҳияи Вахш Юсуфҷони Юсуфзода, мақомоти прокуратураи ноҳияи Вахш парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини маҳаллӣ Абдухолиқ Бӯтаевро ба суд ирсол намудааст.

«Муайян карда шуд, ки моҳи майи соли равон Бӯтаев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқия ирсол намуда, дар он хабар дода буд, ки гӯё ҳамдеҳааш Исмоил Каримов дар барангехтани низои миллӣ даст дорад», – гуфт прокурор.

Ин маълумот аз ҷониби шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ҳамчунин Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор гирифта, бинобар сабаби дар амалҳои Исмоил Каримов ҷой надоштани нишонаҳои ҷиноят, боз кардани парвандаи ҷиноӣ рад карда шуд.

Аммо моҳи август прокуратураи ноҳияи Вахш нисбат ба худи «хабаррасон» мутобиқи моддаи 346, қ. 2-и КҶ ҶТ (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ дар бораи содир шудани ҷиноят) парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

«Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ А.Бӯтаев ба гуноҳи худ иқрор шуда, феълан парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ба суди ноҳияи Вахш фиристода шуд», – афзуд прокурор.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.