Се нафар зоирини тоҷик дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор доранд

Се нафар зоирини тоҷик дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ қарор доранд. Тавре роҳбари ҳайати табибони зоирини тоҷик Назир Расулов хабар дод, зодаи ноҳияи Панҷакент Аҳмедова Наргиси 34-сола бо бемории саратони шикам мубтало буда, бо хоҳиши падараш ба зиёрати хонаи худо сафар мекунад. Ва аз сабаби он ки номбурда қаблан ҷарроҳӣ шуда муолиҷаи […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Се нафар зоирини тоҷик дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ қарор доранд.

Тавре роҳбари ҳайати табибони зоирини тоҷик Назир Расулов хабар дод, зодаи ноҳияи Панҷакент Аҳмедова Наргиси 34-сола бо бемории саратони шикам мубтало буда, бо хоҳиши падараш ба зиёрати хонаи худо сафар мекунад. Ва аз сабаби он ки номбурда қаблан ҷарроҳӣ шуда муолиҷаи пурраи баъд аз ҷарроҳиро сипарӣ накардааст, ҳангоми сафар сабаби авҷ гирифтани беморӣ гардидааст. Падараш ҳамроҳи бемор дар яке аз беморхонаҳои воқеъ дар шаҳри Мадинаи мунаввараи Арабистони Саудӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, нафари дигар Ашуров Есанбой, зодаи ноҳияи Панҷакент соли таваллудаш 1940 бо бемории инсулт ва фалаҷшавии даступой бистарӣ гардидааст. Ва бемори дигар Камолова Шарифа соли таваллудаш 1934 сокини ноҳияи Айни деҳаи Каздон мебошад. Ӯ қаблан ба бемории саратони шуш гирифтор буда, ҳамроҳи писараш ба зиёрати хонаи Худо сафар кардааст. Тибқи суханони писараш Тиллоев Оқил: Модарам табобат гирифта худро хуб ҳис мекард, даҳ рӯзи дар шаҳри Мадина будан он қадар худро бад ҳис намекард, вале баъд аз омадан ба шаҳри Макка дигар рӯз то рӯз ҳолаташ вазнинтар шудан гирифт. Ва мумкин аст фардо ё пас фардо ба Ватан баргардонида шавад.

Ва шаш нафари дигари беморон тоату ибодати худро идома дода истодаанд, вале дар зери назорати мунтазами духтурона қарор доранд.

Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ҳамроҳ бо мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Маккаи мукаррама қарор доранд, аз якояки беморони бистаришуда дидан намуданд.

Соли равон Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".