ҲНИТ дар Қумсангир мактаб бунёд кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як мактаб барои 300 нафар толибилмон бунёд кард. Бинои мактаб дар деҳаи Шӯроободи ҷамоати Телмани ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон дар фурсати кӯтоҳ – 7 моҳ қомат афрохт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар бунёди мактаб ба ҳизб сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони корӣ […]


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як мактаб барои 300 нафар толибилмон бунёд кард.

Бинои мактаб дар деҳаи Шӯроободи ҷамоати Телмани ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон дар фурсати кӯтоҳ – 7 моҳ қомат афрохт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар бунёди мактаб ба ҳизб сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони корӣ дар Русия аз ҳисоби зодагони ноҳияи Қумсангир дасти ёрӣ дароз намудаанд.

«Мутаасифона, давоми бист сол дар ин минтақа мактаби дигаре вуҷуд надошт ва кӯдакону наврасон бесавод монда буданд, ба истиснои чанд нафаре, ки дар масофаи панҷкилометрии деҳаи ҳамсоя бо мушкилоти зиёд пиёдаву савора барои таҳсил саргардон буданд», – гуфт манбаъ.

Вазорати маорифи ҷумҳурӣ мактаби навро бо мебел, мизу курсиҳо ва тахтаҳои синфӣ таъмин намуда, чор компютер тақдим кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.