Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба кор даъват мекунад

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи ташкилӣ, нақлиёт, роҳу коммуникатсия, шуъбаи умури дин, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати пойтахт озмун эълон кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, озмун то 15-уми […]


Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи ташкилӣ, нақлиёт, роҳу коммуникатсия, шуъбаи умури дин, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати пойтахт озмун эълон кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, озмун то 15-уми ноябр идома ёфта, натиҷаҳои он на дертар аз 20-уми ноябри соли равон эълон хоҳанд шуд. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд тавассути телефонҳои 221-62-56 ва 221-62-84 ба шуъбаи кадрҳои мақомоти шаҳрдорӣ муроҷиат намоянд.

Зимнан таъкид гардид, ки ба довталабоне, ки то соли 1992 макотиби олии ҷумҳуриро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд,  афзалият дода мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.