Муаррифии гузориши «Роҳандозии тиҷорат-2013» дар Душанбе

Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ санаи 23-юми октябр дар Душанбе гузориши «Роҳандозии тиҷорат-2013»-ро муаррифӣ мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, зимни конфронси видеоӣ баррасии муҳити тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мақоми кишварҳо дар гузориши нав ва ислоҳоти аз ҳама бештар дар кишварҳо суратгирифта дар назар аст. […]


Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ санаи 23-юми октябр дар Душанбе гузориши «Роҳандозии тиҷорат-2013»-ро муаррифӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, зимни конфронси видеоӣ баррасии муҳити тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мақоми кишварҳо дар гузориши нав ва ислоҳоти аз ҳама бештар дар кишварҳо суратгирифта дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур директори минтақавии БҶ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа, сармутахассис оид ба рушди бахшҳои хусусӣ ва молиявӣ Каролин Гегинат ва ҳамоҳангсози минтақавии рушди бахши хусусӣ ва молиявӣ Эмануэл Салинас маърӯза хоҳанд кард.

«Дар баробари роҳандозии ислоҳот аз ҷониби давлатҳо баҳри бештар мусоид сохтани қонунгузорӣ барои корхонаҳои ватанӣ, гузориши ҳамасолаи «Роҳандозии тиҷорат» ислоҳоти суратгирифта барои соддакунии оғоз ва роҳандозии тиҷорат, таҳкими шаффофият ва ҳуқуқи моликият ва беҳбуди самаранокии танзими баҳсҳои тиҷоратӣ ва ҳолатҳои варшикастагиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад», – зикр кард манбаъ.

Рейтинги муштараки осонии роҳандозии тиҷорат ба 10 нишондиҳанда асос ёфта, 185 кишварро фаро мегирад. Дар рейтинги «Роҳандозии тиҷорат-2012» Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 5 зина боло рафта, миёни 183 давлати ҷаҳон зинаи 147-умро касб намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.