Хатсайри нави ширкати «Тоҷик Эйр» ба АМА

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабро ба роҳ мемонад. Парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Дубай-Душанбе санаи 29-уми октябр оғоз мегардад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, парвозҳо ба ин хатсайр дар як ҳафта ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа дар ҳавопаймои муосиру бароҳати Боинг 737-500 анҷом дода […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабро ба роҳ мемонад. Парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Дубай-Душанбе санаи 29-уми октябр оғоз мегардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, парвозҳо ба ин хатсайр дар як ҳафта ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа дар ҳавопаймои муосиру бароҳати Боинг 737-500 анҷом дода мешаванд. Қимати билет аз 200 евроро ташкил медиҳад.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ дар ширкати мазкур иттилоъ дода будем, ки ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо якбора ба се хатсайри нав – Деҳлӣ (Ҳиндустон), Исломобод (Покистон) ва Боку (Озарбойҷонро) мутаваққиф сохт. Ин хатсайрҳои нав соли равон ифтитоҳ шуда буданд. Сабаби мутаваққиф сохтани парвози ҳавопаймоҳо ба ин самтҳоро дар ширкат ба  мавҷуд набудани мусофирони хоҳишманд шарҳ дода буданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкати «Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Хуҷанду Хоруғ дар дохили кишвар ва шаҳрҳои кишварҳои хориҷӣ аз қабили Бишкек, Алмаато, 8 шаҳри Русия, Теҳрон, Машҳад (Эрон), Урумчӣ (Чин), Истамбул (Туркия) ва Шарҷа (АМА)-ро анҷом медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.