Ҳунарнамоии театри Хоруғ дар фестивали IV-уми кишварҳои ОМ

Ҳунармандони Театри давлатии мусиқиву драмаи ба номи Меҳрубон Назаров дар Фестивали IV-уми байнулмилалии театри кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато ширкат меварзанд. Дар ин чорабинӣ театр спектакли «Ишқи парӣ» аз рӯйи асари ҳамноми Тоҳир Маҳмадризоевро намоиш медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муаллифи пйеса ва сармутахассиси Раёсати ҳунари Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Тоҳир Маҳмадризоев хабар дод, ин […]


Ҳунармандони Театри давлатии мусиқиву драмаи ба номи Меҳрубон Назаров дар Фестивали IV-уми байнулмилалии театри кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато ширкат меварзанд. Дар ин чорабинӣ театр спектакли «Ишқи парӣ» аз рӯйи асари ҳамноми Тоҳир Маҳмадризоевро намоиш медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муаллифи пйеса ва сармутахассиси Раёсати ҳунари Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Тоҳир Маҳмадризоев хабар дод, ин сафари нахустини театр ба ҷашнвораи байнулмилалӣ тайи 20 соли ахир буда, барои сафар вазорат ва ҳукумати ВМКБ 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.

Ба қавли ӯ, ҳунарнамоии актёрони тоҷик дар Алмаато санаи 24 уми октябр дар назар буда, дар фестивал ҳамчунин театрҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ иштирок мекунанд. «Ман шахсан спектаклро дар иҷрои ҳунармандони театри Хоруғ тамошо карда, заҳмати коргардон Умед Хусравовро қаноатбахш арзёбӣ менамоям», – гуфт муаллифи пйеса.

Номбурда зикр кард, ки фестивал то 27-уми октябр идома ёфта, дар он театрҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беҳтарин спектаклҳои худро дар тӯли се соли ахир ба маърази тамошо мегузоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.