Панҷ хизматчии нерӯҳои марзбонӣ назди қонун ҷавоб мегӯянд

Гурӯҳи тафтишотӣ парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 5 нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба суди ҳарбии гарнизони Хатлон ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа Сафаралӣ Мардонов хабар дод, гурӯҳи тафтишотӣ нисбати панҷ нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Гурӯҳи тафтишотӣ парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 5 нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба суди ҳарбии гарнизони Хатлон ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа Сафаралӣ Мардонов хабар дод, гурӯҳи тафтишотӣ нисбати панҷ нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ айбнома пешниҳод намудааст.

Аз ҷумла тафтишот капитан Мирзомиддин Яъқубов, сардори псогоҳи №1 «Вахш»-и қисми низомии 2610, нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ-ро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 335, қ. 1 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии ҶТ), 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир), 289, қ. 3 (Қочоқ), 195, қ. 2 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳаи оташфишон), 388, қ. 2 (Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ), 391, қ. 3 (Суистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ) ва 393, қ. 3 (Дуздии аслиҳаи оташфишон) айбдор мекунад.

Майор Анварҷон Ҳакимов, сардори хадамоти нақлиёти қисми низомӣ мувофиқи моддаи 323 (Сохтакории хизматӣ) ва 347, қ. 2 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) муттаҳам дониста мешавад. Чунин айбнома ба афсари қисми низомии 2610 лейтенанти калон Алишер Сӯфиев низ пешниҳод шудааст.

Капитан Зуҳуршо Мирзоев, сардори посгоҳи марзии № 3-и қисми низомии мазкур ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳа, хабар надодан дар бораи ҷиноят ва суистеъмол аз вазифаи хидматӣ айбдор карда мешавад.

Сарбози қаторӣ Ҷонибеки Нуралӣ мутобиқи моддаи 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир) муттаҳам дониста мешавад.

Ба қавли муфаттиш, 17-уми майи соли равон капитан Мирзомуддин Яъқубов бо 20 кило маводи мухаддири ҳашиш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ шарикони ҷиноят низ муайян карда шуданд», – гуфт ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.