Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо раиси Шӯрои муфтиҳои Русия

Рӯзи сешанбе Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН, бо раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, шайх Равил Гайнутдин вохурӣ анҷом дод. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ иттилоъ доданд, Равил Гайнутдин аз вохӯриҳо ва ҳамкориҳои густардаи масъулини динии Русия бо бародарони тоҷики хеш изҳори қаноатмандӣ намуда, онро ба манфиати масалмонони ду кишвар донист. Ӯ […]


Рӯзи сешанбе Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН, бо раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, шайх Равил Гайнутдин вохурӣ анҷом дод.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ иттилоъ доданд, Равил Гайнутдин аз вохӯриҳо ва ҳамкориҳои густардаи масъулини динии Русия бо бародарони тоҷики хеш изҳори қаноатмандӣ намуда, онро ба манфиати масалмонони ду кишвар донист.

Ӯ аз вохӯриҳои қаблии хеш бо раиси Марказии исломии Тоҷикистон, ҷаноби Сайидмукаррам Абдулқодирзода ва сафари бародарон Тураҷонзодаҳо ба Русия ёдовар шуда, онҳоро иқдомҳои муҳим барои шиносоии бештар ва таҳкими дустиву бародарии миллатҳо ва кишварҳо номид.

Инчунин, ҷаноби Гайнутдин аз мавқеъи муътадилу созандаи ҲНИТ ва фаъолияти муассири фарҳангиву равшангароии он дар байни муҳоҷирин ва миллатҳои сокини Русия ҷонибдорӣ намуда, саҳми тоҷиконро дар рушди фарҳанги исломӣ қобили аҳамият донист.

Раиси ҲНИТ бо ишора ба аҳамияти рушди андешаҳои муътадил ва асили исломӣ ҳамчун омили пешгирандаи ифротгароӣ дар байни мусалмонон, ба хусус ҷавонон, нақши уламо ва пешвоёнро муҳим дониста, фаъолияти шахсии Равил Гайнутдинро намуна арзёбӣ кард.

Муҳиддин Кабирӣ низ ишора намуд, ки уламо ва роҳбариятҳои динӣ дар минтақаи мо бояд аз ихтилофҳо ва ҷудоиандозиҳо канораҷуйӣ намуда, ҳамкории бештар дошта бошанд ва нерӯҳои солими ҳама ҷомеъаҳо бояд атрофи арзишҳои муштарак ҷамъ шаванд ва ин потенсиали бузургро дар хидмати миллатҳо ва кишварҳои худ бигузоранд.

Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки иртиботҳоро қавитар намуда, чорабиниҳои муштарак байни муҳоҷирин анҷом диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.