Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон охири октябр оғоз мегардад

Дар ҷараёни Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон, ки 30-юми октябр оғоз гардида то 4-уми ноябр идома меёбад, ба тоҷикистониён фарҳанги мардуми кишварҳои Аврупо муаррифӣ мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази фарҳангии «Бактрия» иттилоъ доданд, барномаи Ҳафтаи Аврупо аз як қатор чорабиниҳо иборат хоҳад буд, ки аз ҷониби маркази мазкур ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон […]


Дар ҷараёни Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон, ки 30-юми октябр оғоз гардида то 4-уми ноябр идома меёбад, ба тоҷикистониён фарҳанги мардуми кишварҳои Аврупо муаррифӣ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази фарҳангии «Бактрия» иттилоъ доданд, барномаи Ҳафтаи Аврупо аз як қатор чорабиниҳо иборат хоҳад буд, ки аз ҷониби маркази мазкур ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон созмон дода мешаванд.

«Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ баргузории консерти ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо барномаи асарҳои оҳангсозони аврупоӣ, ҳамоишҳои ҷавонон, машғулиятҳо дар бораи нависандагони фаронсавӣ ва таъсири кинои аврупоӣ ба бахши кинои Тоҷикистон дар назар аст», – гуфтанд дар марказ.

Ба иттилои манбаъ, дар Хонаи кино фестивали филмҳои аврупоӣ доир гардида, дар он филмҳои коргардонҳои Олмон, Финландия, Фаронса ва Англия намоиш дода мешаванд. «Рӯзи 3-юми ноябр чунин барнома дар шаҳри Ваҳдат низ баргузор мешавад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.