Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси барномаи ҲМИОМ

Date:


Ҳайати Тоҷикистон дар кори конфронси 11-уми вазирони барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ, СAREC), ки ахири моҳи равон дар шаҳри Вухани Чин баргузор мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки рушди Осиё (БОР) дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сармушовири президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ, ҳамоҳангсози миллии ҲМИОМ Неъматҷон Бӯриев сарварӣ хоҳад намуд.

Ба иттилои манбаъ, конфронс таҳти унвони «Амалисозии ҲМИОМ 2020: Нигоҳ ва амал» доир мегардад. «Стратегияи моҳи ноябри соли гузашта қабулшудаи «ҲМИОМ 2020» харитаи нави роҳ буда, барномаро баҳри ноил гардидан ба нигоҳи «Шарикони хуб, ҳамсояҳои хуб ва дурнамои хуб» равона месозад ва ба масоили тавсеъаи тиҷорат ва беҳбуди рақобатпазирӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад», – гуфтанд дар намояндагии БОР.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома беш аз 500 километр роҳҳои таъиноти минтақавии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ шуда, ин ба коҳиши хароҷоти роҳ, афзоиши даромади аҳолӣ, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳо ва хизматгузориҳои иҷтимоӣ, афзоиши рақобатпазирӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёту энергетика ва тиҷорат ба рушди ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Барномаи ҲМИОМ шарики даҳ кишвар – Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва шаш ниҳодҳои бисёрҷониба – БОР, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд, Барномаи рушди СММ ва Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Аз соли 2001 БОР ба ҳайси котиботи барномаи ҲМИОМ фаъолият дорад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...