Зимни вохӯрӣ бо журналистон ба муносибати таҷлили Рӯзи СММ намояндаи доимии ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳор кард, ки СММ ба густариши фаъолият дар Тоҷикистон идома бахшида, аз 1-уми январ дар ҷумҳурӣ мушовири СММ оид ба масоили сулҳ ва рушд ба кор шурӯъ мекунад.
Ба қавли вай, дар Тоҷикистон намояндагии бузургтарини СММ дар ҳайати 23 ниҳод амал намуда, ҳамаи онҳо қариб муддати 20 сол аст, ки инҷо фаъолият доранд.
«Танҳо соли гузашта СММ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 70 млн. доллари ИМА барномаҳоро амалӣ намуд, ки саҳми бузургтарини СММ дар минтақа маҳсуб меёбад. Маблағҳо баҳри коҳиши сатҳи камбизоатӣ, бунёди заминаи иқтисодӣ барои рушди устувор, мусоидат ба ислоҳот дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, андозбандӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии ташкилотҳои занону ҷавонон равона гардиданд, ки дар самти ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола фаъолият мекунанд», – гуфт Зуев.
Дар нишасти хабарӣ намояндаи Бунёди кӯдакони СММ (UNISEF) Лайло Мошири дар бораи чорабиниҳои дар соли оянда ҷашн гирифтани 20-солагии фаъолияти ин сохтор дар Тоҷикистон, намояндаи Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ (WFP) Алзира Ферейра роҷеъ ба афзоиши кӯмак ба оилаҳои камбизоат дар паси сар намудани болоравии қимати маводи ғизоӣ ва буҳрон, намояндаи Раёсати Комиссариати Олӣ оид ба масоили гурезагон (UNHCR) Хосе Эуседа оид ба пешравиҳо дар ҳалли мусбати масоили гурезагони афғон ва дигар ниҳодҳои марбутаи СММ дар Тоҷикистон перомуни фаъолияти сохторҳои марбутаашон маълумот доданд.
Дар паёми соли ҷории худ ба муносибати таҷлили Рӯзи СММ Дабири кулли ин созмон Пан Ги Мун зикр кардааст, ки соли 2015 – соли ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола наздик мешавад ва созмонро зарур аст, ки назди худ вазифаҳои бештар бузургмиқёсро гузорад.
Дабири кулли СММ изҳор доштааст, ки айни замон мо дар марҳилаи тағйироти аслӣ ва дигаргуниҳои амиқ зиндагӣ дорем ва афзоиши мушкилоте ба монанди таҳдид ба таъмини амният, нобаробарӣ ва таҳаммулнопазирӣ дар ҳоли афзоиш аст.
«Дар бисёр самтҳо ба СММ муяссар шуд, ки ба пешравиҳои назаррас муваффақ гардад. Аз соли 2000-ум нишондиҳандаи сатҳи ниҳоии камбизоатӣ то нисф коҳиш ёфта, дар аксари кишварҳои дунё дигаргуниҳои демократӣ сурат мегиранд. Дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта аломатҳои мусбати рушди иқтисодӣ ба мушоҳида мерасанд», – таъкид кардааст Пан Ги Мун дар паём.



