Пешбарии номзади коммунистони тоҷик дар интихоботи президентӣ

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пешвои коммунистони тоҷик Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки дар маъракаи интихоботи президенти кишвар, ки моҳи ноябри соли 2013 дар назар аст, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ҳеҷ кадоме аз эътилоф бо аҳзоби сиёсии дигар ворид намегардад. Ӯ таъкид кард, ки ҲКТ номзади ягона аз ин аҳзобро ба мансаби сарвари давлат […]


Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пешвои коммунистони тоҷик Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки дар маъракаи интихоботи президенти кишвар, ки моҳи ноябри соли 2013 дар назар аст, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ҳеҷ кадоме аз эътилоф бо аҳзоби сиёсии дигар ворид намегардад.

Ӯ таъкид кард, ки ҲКТ номзади ягона аз ин аҳзобро ба мансаби сарвари давлат низ дастгирӣ карданӣ нест.

Ба қавли вай, қарори мазкур ба асосҳои идеологӣ марбут аст. «Тибқи афкори идеологӣ коммунистон на бо ҲНИТ, на бо ҲУСДТ ва на бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуда наметавонанд, – иброз дошт Шабдолов. – Мо ҳатто бо ҲХДТ номзади ягонаро пешбарӣ карда наметавонем, зеро мо хусусигардонии иншооти давлатиро эътироф надошта, ҲХДТ аз ин гуна сиёсат пуштибонӣ мекунад».

Пешвои коммунистон ҳамчунин зикр кард, ки дар анҷумани ҳизб қабл аз маъракаи интихобот ҲКТ номзади худ ба мансаби сарвари давлатро муайян хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.