Барномаи USAID оиди рушди самаранокии кишоварзӣ ва Ҳукумати вилояти Хатлон дар ш. Қурғонтеппа маросими расмии қайди харидории зиёда аз 50 трактор аз тарафи хоҷагиҳои деҳконии 12 ноҳияи Хатлони ғарбӣ, ки дар он иқдоми USAID «Озуқаворӣ ба хотири оянда» татбиқ мешавад, ташкил намуд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафири ИМА Сюзан Эллиотт ва Муовини якуми раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ ба ин маросим ифтитоҳ бахшида, ба даҳ хоҷагии деҳқонӣ калидҳои тракторҳои навро тақдим карданд. Дар ин маросим намояндагони муассисаҳои молиявӣ, тоҷирони соҳаи кишоварзӣ, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва ҷамоатҳо, ва деҳқононе, ки бо Барнома ҳамкорӣ доранд, иштирок намуданд.
Барномаи USAID оиди рушди самаранокии кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо созмони «Имон Интернешнл» ва бонки «Эсхата» аз воситаи молиявӣ истифода бурда, ба деҳқонон барои ба даст овардани қарзӣ дусола оиди харидории тракторҳо имконият фароҳам оварданд. Тракторҳо аз таҳвилкунандаи техникаи кишоварзӣ ширкати «Мадад»-и Турсунзода харидорӣ шудаанд. Илова бар ин, аз тарафи Барномаи USAID оиди рушди самаранокии кишоварзӣ бурсе, ки тақрибан ба 20% арзиши трактор баробар аст, ҷудо гардид.
Дастрасии техникаи кишоварзӣ барои самаранокӣ ва манфиатнокии истеҳсоли кишоварзӣ муҳим аст. Омузише, ки соли 2010 аз тарафи Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ бо истифода аз маълумоти соли 2008 гузаронида шуда буд, нишон дод, ки шумораи тракторҳо дар Тоҷикистон назар ба соли 1991 43 фоиз кам шуда буд. Мақсади маблағгузории қарзии Барномаи USAID оиди рушди самаранокии кишоварзӣ барои харидории техникаи кишоварзӣ, ташкил намудани механизми молиявӣ тавассути муассисаҳои молиявии пешрафта барои қонеъ гардонидани талаботи деҳқонон бо техника мебошад.
Маросими расмии қайди харидории тракторҳо идомаи Барномаи муштараки бомувафаққияти озмоишие мебошад, ки соли 2011 аз ҷониби Барномаи USAID оиди рушди самаранокии кишоварзӣ ва ду муассисаи молиявӣ, «Агроинвестбонк» ва «Арванд» татбиқ шуда буд,. Деҳқононе, ки трактор харидорӣ намудаанд, инчунин бо Барнома ҷиҳати баланд бардоштани ҳосили пиёзи зимистона дар Хатлони ғарбӣ ҳамкорӣ менамоянд. Барнома нияти васеъ намудани дастрасиро ба маблағгузорӣ баҳри ба даст овардани техникаи кишоварзӣ барои хоҷагиҳои хурд дорад, ки дар боғҳо ва гармхонаҳои ҳамин қисмати минтақа бо мева, ангур ва сабзавотпарварӣ машғуланд.
Барномаи USAID оиди рушди самаранокии кишоварзӣ, яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи USAID мебошад. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Душанбе зиёда аз 984 миллион доллари ИМА-ро ба маблағгузории барномаҳои кӯмакдиҳандаи рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва иктисодиёти Тоҷикистон ҷудо кардааст.


