ВКД ҶТ: Бо героин дар Қирғизистон собиқ кормандони милиса боздошт шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман тасдиқ менамояд, ки дар Қирғизистон собиқ кормандони Шуъбаи вазорат дар ноҳияи Мурғоб Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров боздошт шудаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, «Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров бинобар сабаби  бо гурӯҳҳои ҷиноятии дар шаҳри Хоруғ буда, алоқамандӣ доштан, ҳанӯз чанд муддат пештар, яъне 20-уми октябр аз […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман тасдиқ менамояд, ки дар Қирғизистон собиқ кормандони Шуъбаи вазорат дар ноҳияи Мурғоб Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров боздошт шудаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, «Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров бинобар сабаби  бо гурӯҳҳои ҷиноятии дар шаҳри Хоруғ буда, алоқамандӣ доштан, ҳанӯз чанд муддат пештар, яъне 20-уми октябр аз мақомоти корҳои дохилӣ озод гардида буданд».

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари хизматӣ ба ВМКБ ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов бо ҳайати шахсии вазорат дар вилоят ҷаласа баргузор карда, ду нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ, капитани милиса Асалбек Боронбоев ва сарваколатдори шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ подполковники милитсия Маҳкам Лашкаровро аз вазифаҳояшон дар мақомоти корҳои дохилӣ озод кард.

Инчунин вобаста ба натиҷаҳои пасти фаъолияти хизматӣ ва беэътиноӣ  зоҳир намудан ба масъулияти базиммадошта,  7 нафар кормандони ШВКД дар шаҳри Хоруғ аз вазифа озод ва нисбати 5 нафари дигар танбеҳ эълон карда шуд.

ОИ «24.kg» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон хабар дода буд, ки дар яке аз посгоҳҳои ин кишвар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду нафар кормандони мақомоти кофтукови ҷиноии Тоҷикистонро боздошт намуда, аз автомашинаи онҳо 6 кило маводи мухаддири героин дарёфт намудаанд. Баъдтар маълум шудааст, ин ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кормандони амалкунандаи кофтукови ҷиноии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоби ВМКБ будаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.