Дар иҷлосияи навбати Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мӯъминобод масъалаи аз дахолатнопазирӣ маҳрум кардани вакили маҷлис, раиси Кумитаи заминсозии ноҳия Мирзосафар Гулаҳмадови 56-сола ба гумони ришваситонӣ ба баррасӣ пешниҳод мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳияи Мӯъминобод хабар дод, прокуратура вакилро ба тамаъ кардани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА аз сокини маҳаллӣ Зафар Маҳмадлатифи 21-сола барои ҷудо кардани ду гектар қитъаи замин ба ахирӣ гумонбар медонад.
Дар ҳамин ҳол, тайи моҳи ахир ин ҳодиса дуюми тамаъ кардан ё гирифтани пора дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад.
Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақа, чанде қабл дар ҷараёни амалиёти махсус барои тамаъ кардани пора дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА прокурори ноҳияи Шӯрообод Ғиёсиддин Умаров боздошт гардида буд.


