Дастрасии донишҷӯёни Кӯлоб ба донишгоҳҳои беҳтарини Аврупо

Чанде қабл дар ҷазираҳои Канар миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва донишгоҳҳои Аврупо дар бораи ҳамкории фаъол як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба робитаҳои байнулмилалӣ Дордарбек Сайдалиев хабар дод, бо Донишгоҳи Лас Палмас (ҷазираҳои Канар), Донишкадаи корҳои бонкӣ (Прага, Чехия), Донишгоҳи Генуя (Италия), Мактаби тиҷорати […]

Турко Дикаев


Чанде қабл дар ҷазираҳои Канар миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва донишгоҳҳои Аврупо дар бораи ҳамкории фаъол як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба робитаҳои байнулмилалӣ Дордарбек Сайдалиев хабар дод, бо Донишгоҳи Лас Палмас (ҷазираҳои Канар), Донишкадаи корҳои бонкӣ (Прага, Чехия), Донишгоҳи Генуя (Италия), Мактаби тиҷорати Хаддерфилд (Британияи Кабир) ва Донишгоҳи Лас Ислас Балеарес (Испания) созишномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расидаанд.

«Дар чаҳорчӯби созишномаҳои мазкур донишҷӯёну ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи Кӯлоб имкон пайдо мекунанд, ки дар муассисаҳои таълимии пешқадами Аврупо ба таҳсилу таҳқиқот машғул шаванд», – иброз дошт Д.Сайдалиев.

Ба қавли ӯ, лоиҳа дар доираи барномаи Еразмус Мундус амалӣ гардида, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Ба ҷуз Донишгоҳи Кӯлоб, Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ иштирокчии лоиҳа мебошанд.

Давоми солҳои 2007-2012 дар чаҳорчӯби барномаи Еразмус Мундус (Erasmus Mundus) барои таҳсил ва такмили ихтисос дар донишгоҳҳои Аврупо ба донишҷӯёну омӯзгорони Тоҷикистон 316 идрорпулӣ (стипендия) ҷудо карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.