Қадрдонии беш аз 100 нафар ҳунармандони театри тоҷик

Рӯзи 7 ноябри соли 2012 дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов маросими ҷашни Рӯзи театри тоҷик барпо гашт. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғоз Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи театри тоҷик табрик гуфт. Ба иттилои манбаъ, дар маросими тӯҳфасупорӣ Вазири фарҳанги кишвар […]

ASIA-Plus


Рӯзи 7 ноябри соли 2012 дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов маросими ҷашни Рӯзи театри тоҷик барпо гашт.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғоз Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи театри тоҷик табрик гуфт.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими тӯҳфасупорӣ Вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ба зиёда аз 100 нафар ҳунарманд ва корманди театрҳои ҷумҳурӣ нишони «Аълочии фарҳанги ҶТ», ифтихорнома ва мукофоти пулӣ супурд.

Зимнан зикр гардид, ки бахшида ба рӯзи театр бори аввал ба тамошобинон намоишномаи нави театри ҷавонони пойтахт ба номи М. Воҳидов «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» дар таҳияи ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров намоиш дода шуд. Дар доираи барномаи тантанавӣ ҳамзамон намоишгоҳи эҷодиёти Рассоми шоистаи Тоҷикистон Янтобте Маҳмадқулов низ баргузор шуд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи театри тоҷик дар ҷумҳурӣ ҳамасола 7-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин сана соли 1997, пас аз қабули қонун «Дар бораи фарҳанг» таъсис дода шуд. Айни замон дар Тоҷикистон 17 театр фаъолият дорад, ки 6-тои онҳо дар пойтахт қарор доранд.

Театри касби тоҷик соли 1924 таъсис ёфтааст. Аввалин дастаи театрии миллӣ дар назди маъмурияти «Хонаи деҳқон» соли 1927 бо роҳбарии Ҳаким Карим таъсис ёфт, ки «Кружоки мусиқию драмавӣ» ном дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.