Энергетикҳо: Тоҷикистон нерӯгоҳи «Роғун»-ро дар ҳама гуна ҳолат месозад

Коршиноси масоили энергетикӣ Камолиддин Сироҷиддинов бар ин назар аст, ки агар тағйири чанде аз нишондиҳандаҳои нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» лозим ояд ҳам, Тоҷикистон ин иншоотро дар ҳама гуна ҳолат хоҳад сохт. Ӯ мутмаин аст, ки Тоҷикистону кишварҳои поёноби минтақа дар ҳалли ин масъала ба созиш расида, нерӯгоҳи «Роғун» солҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. «Барои сохтмони […]

Пайрав Чоршанбиеев, Аваз Юлдошев


Коршиноси масоили энергетикӣ Камолиддин Сироҷиддинов бар ин назар аст, ки агар тағйири чанде аз нишондиҳандаҳои нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» лозим ояд ҳам, Тоҷикистон ин иншоотро дар ҳама гуна ҳолат хоҳад сохт.

Ӯ мутмаин аст, ки Тоҷикистону кишварҳои поёноби минтақа дар ҳалли ин масъала ба созиш расида, нерӯгоҳи «Роғун» солҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. «Барои сохтмони ин иншоот воситаҳои зиёде масраф гардида, ҳеҷ кас ба гӯшаи хаёл ҳам оварда наметавонад, ки сохтмони он пурра қатъ гарда ва ҳеҷ гоҳ ҳам чунин масъалагузорӣ нахоҳад шуд», – иброз дошт вай.

Ба эътиқоди Сироҷиддинов, ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд баҳри нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои лоиҳаи кунунии иншоот кӯшиш ба харҷ дода, агар чунин пешниҳодот сурат гиранд ҳам, он қобили қабул нахоҳад буд, зеро ба гуанаи мисол, дар сурати ба андозаи 80 метр паст кардани сарбанди нерӯгоҳ, иқтидори истеҳсоли нерӯи барқи он дар як сол 5 млрд. кВт/соат коҳиш хоҳад ёфт.

Коршинос мегӯяд, маблағи 1,2 млрд. сомонӣ (250 млн. $)-и соли равон барои иншооти мазкур пешбинишуда барои идомаи корҳои барқароркунӣ ва кӯчонидани аҳолии дар минтақаи обанбори нерӯгоҳ қарордошта масраф хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов дар ин робита изҳор кард, ки корҳои барқароркунӣ дар иншоотро ҳатто ба муддати як рӯз набояд қатъ намуд ва сол то сол афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин иншоот аз ҷониби ҳуқумат иқдоми оқилонаву дуруст аст.

«Дар масъалаи гузаронидани ташхиси лоиҳаи сохтмон гуфтаниам, ки он ангезаи сиёсӣ касб намуда, агар имрӯз Тоҷикистон ба коҳиши баландии сарбанди нерӯгоҳ розӣ шавад, тамоми баҳсҳо атрофи он хомӯш мегарданд», – мутмаин аст вакили парлумон.

Пешвои коммунистони тоҷик таъкид кард, ки ҳар як сиёсатмадори солимақлу энергетик ба хубӣ дарк мекунад, ки коҳиши баландии сарбанд ба чандин маротиба кам шудани иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳ, афзоиши хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳу таҷҳизоти он ва даҳҳо маротиба кам шудани самаранокии обанбори нерӯгоҳ баҳри обёрии заминҳои нави минтақа боис мегардад.

«Бонки ҷаҳонӣ на ба як ниҳоди бонуфузи байнулмилалӣ, балки ба як маҳфили сиёсӣ бештар шабоҳат дорад ва ман бовар надорам, ки ин бонк «сохтмони аср» дар Тоҷикистонро беғаразона арзёбӣ мекунад. Мутмаинам, ки сарфи назар аз ташхисҳо, мо бояд нерӯгоҳи «Роғун»-ро бо нишондиҳандаҳои қаблан пешбинишуда бунёд созем», – изҳор дошт Ш.Шабдолов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...