Хатлон: Таъини ҷазо ба панҷ нафар марзбонон


Имрӯз суди вилояти Хатлон сардори посгоҳи марзии №1-и «Вахш» Низомиддин Яъқубовро ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунҳкор дониста, ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

Зимни эълони ҳукм судя Исмоил Мирмахсумов изҳор кард, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуноҳи капитан Низомиддин Яъқубов дар убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳаи оташфишон ва дуздии он, барбод додани амволи ҳарбӣ ва суистеъмол аз мақоми мансабӣ исбот гардид.

Ҳамроҳи ӯ дар назди суд боз панҷ нафар марзбонони дигар низ ҷавобгӯ буданд. Майор Анварҷон Ҳакимов, сардори хадамоти нақлиёти қисми низомӣ ба сохтакории хизматӣ, хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ва суистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ муттаҳам карда шуда буд. Чунин айбнома ба афсари қисми низомии 2610 лейтенанти калон Алишер Сӯфиев низ пешниҳод шуда буд. Нисбати онҳо суд моддаи хабар надодан дар бораи ҷиноятро бекор намуда, мутобиқи ду моддаи дигар онҳоро айбдор ва ҳар кадомеро ба муҳлати 5 сол аз озодӣ махрум кард.

Капитан Зуҳуршо Мирзоев, сардори посгоҳи марзии № 3-и қисми низомии мазкур ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳа, хабар надодан дар бораи ҷиноят ва суистеъмол аз вазифаи хидматӣ муттаҳам дониста шуда, ба 3 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Ба сарбози қаторӣ Ҷумъабеки Нуралӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир ҷазои 12 соли зиндон таъин карда шуд.

Судя ҳамчунин зикр кард, ки нисбат ба шахсони масъули Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ низ таъиноти хусусӣ содир гардид.

Адвокатҳо Ғулом Бобоев ва Зайнаб Бобоева, ҳимоятгарони маҳкумшудагон Яъқубов, Ҳакимов ва Сӯфиев изҳор карданд, ки ба ҳукми суд мувофиқ буда, аз болои он шикоят бурданӣ нестанд.

Раҳимхоним Шарифова, модари сарбози қатории маҳкумшуда Ҷумъабеки Нуралӣ ҳукми суд нисбати писарашро ғайримунсифона арзёбӣ карда, иброз дошт: «Ман модари танҳо ва 10 фарзанд дорам. Як моҳ пеш аз Русия ҷасади писарамро оварданд. Имрӯз боз як зарбаи навбатӣ – писари дигарамро барои он маҳкум карданд, ки ӯ супориши командирашро ба иҷро расонидааст ва ӯ наметавонист дар ин бора ба ҷое хабар диҳад. Худатон қазоват кунед, чӣ тавр сарбози қаторӣ аз иҷрои фармони роҳбараш саркашӣ мекунад? Мо ҳатман аз болои ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят хоҳем бурд».

Айбдоркунандаи давлатӣ Эмин Сайвалиев гуфт, дар маҷмӯъ бо қарори суд розист, вале матни ҳукмро боз як бори дигар дақиқона мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки 17-уми майи соли равон капитан Мирзомуддин Яъқубов бо 20 кило маводи мухаддири ҳашиш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ шарикони ҷиноят низ муайян карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное