Шикояти ҳимоятгар аз парванда нисбати журналисти ТВ «Ҷаҳоноро»

Ҳимоятгар аз болои парвандаи ғайриқонунӣ бозшуда нисбати журналисти телевизиони «Ҷаҳоноро» Маҳмудҷон Додобоев оид ба ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ эътироз овард. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва рӯзноманигорони вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева изҳор кард, ки дар робита ба ин масъала роҳбари телевизиони «Ҷаҳоноро» Маҳмудҷон Додобоев ба ӯ муроҷиат намуда, баён кардааст, ки […]

Мавлуда Рафиева


Ҳимоятгар аз болои парвандаи ғайриқонунӣ бозшуда нисбати журналисти телевизиони «Ҷаҳоноро» Маҳмудҷон Додобоев оид ба ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ эътироз овард.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва рӯзноманигорони вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева изҳор кард, ки дар робита ба ин масъала роҳбари телевизиони «Ҷаҳоноро» Маҳмудҷон Додобоев ба ӯ муроҷиат намуда, баён кардааст, ки дар барномаи «Ахбор»-и шабакаи мазкур доир ба ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Корвон»-и пойтахт иттилоъ пахш шуд, ки он аз сомонаи хабаргузории TojNews гирифта шуда буд.

«Ӯ изҳор дошт, ки дарҳол пас аз анҷоми барнома роҳбари телевизионро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии вилоят даъват карда, бозпурсӣ намудаанд. Сипас ба прокуратураи вилоят даъват шуда, аз ӯ навиштани баёнотро талаб мекунанд ва хабар медиҳанд, ки далели истифодаи маводи хабаргузории TojNews қонунӣ аст. Аммо баъди чанд рӯз ба телевизион хабар мерасад, ки прокуратураи вилоят ба суд муроҷиат намуда, тасдиқ кардааст, ки шабакаи телевизионӣ талаботи моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ-ро риоя накарда, дар ин ҳолат қонуншиканӣ ҷой дорад», – ҳикоят кард мазмуни суҳбати худро бо роҳбари шабакаи «Ҷаҳоноро» Ҷӯраева.

Ба қавли вай, дар моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ ба қонуншиканӣ барои паҳнкунии маҳсулоти ВАО ва ҳамчунин хабару маводи оҷонсии хабаргузорӣ бидуни сабти ном ишора рафта, дар амали роҳбари шуъбаи иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоноро» қонуншиканӣ ҷой надорад, – гуфт Ҷӯраева. – ВАО-и мазкур ба қайд гирифта шуда, хабари пахшшуда аз сарчашмаи дигар – TojNews гирифта шудааст ва тибқи моддаи 36-и Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», агар ахбор аз сарчашмаи дигари иттилоотӣ гирифта шуда, ба ин сарчашма ишора рафта бошад, пас дар ин ҳолат ВАО-и ин хабарро истифодакарда аз масъулият озод мегардад».

Ҷӯраева изҳор кард, ки прокуратураи вилоят парвандаи мазкурро ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол карда, вале бинобар ба айбдошаванда пешниҳод нашудани қарор дар бораи боз кардани парванда оид ба қонуншикании маъмурӣ ва ба ӯ шарҳ надодани ҳуқуқҳояш, парванда бозпас баргардонида шудааст.

«Вақте ба прокуратураи вилоят дар бораи пешниҳод кардани нусхаи қарор дар бораи боз кардани парванда оид ба қонуншикании маъмурӣ муроҷиат кардам, ба ман гуфтанд, ки онҳо ба пешниҳоди нусхаи қарор ба ман уҳдадор нестанд», – мегӯяд ҳимоятгар.

Сипас ҳимоятгар ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат намуда, пас аз 42 рӯз бо мазмуни қарор шинос шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи моддаи 748, қ. 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарор оид ба оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд дар муддати як шабонарӯз ба айбдоршаванда пешниҳод карда шавад.

«Бо ин амали худ прокуратураи вилояти Суғд ба дағалона вайрон намудани талаботи як қатор моддаҳои Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ дод», – афзуд М.Ҷӯраева.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.