Таҷлили ҷашни Рӯзи таъсиси РМҶМ ВКД

Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сардори раёсат генерал-майори милитсия, доктори илмҳои ҳуқуқ Ҷӯрахон Зоиров изҳор кард, ки раёсати мазкур дар ҳайати ВКД моҳи ноябри соли 1989 таъсис дода […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сардори раёсат генерал-майори милитсия, доктори илмҳои ҳуқуқ Ҷӯрахон Зоиров изҳор кард, ки раёсати мазкур дар ҳайати ВКД моҳи ноябри соли 1989 таъсис дода шуд.

Инчунин дар чорабинии идона директори институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илми фалсафа, профессор Абдулвоҳид Шамолов иштирок ва суханронӣ карда, аз нақш ва саҳми кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар давлатдории навин ёдовар гардида, иброз намуд, ки кормандони милитсия ҳамеша дар мубориза бар зидди  ҷинояткорӣ дар сафи пеш қарор дошта, он амалу кирдорҳое, ки бар зидди обрӯ ва ҳуқуқи инсон  нигаронида шудаанд, аз тарафи кормандони раёсати номбурда пешгирию барҳам дода мешаванд.

Дар  чорабинӣ бо фармони вазири корҳои дохилӣ ба як қатор кормандони фаъол медалу ифтихорнома ва сипоснома супорида шуд. Инчунин барои ҳамкории фаъол бо фармони Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-лейтенанти милитсия Владимир  Колоколцев ба як нафар корманди раёсати зикргардида полковники милитсия Маҳбуба Қосимова медал тақдим карда шуд. Бо фармони сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил бошад, 14-нафар занон, ки дар қатори мардон кору фаъолияти низомӣ доранд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.