Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбати раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёни парлумони кишвар Муҳиддин Кабириро барои баррасӣ қабул кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди мазкур Зокир Аминов хабар дод, даъвои ҳукумати пойтахт нисбати Муҳиддин Кабирӣ дар доираи Кодекси граждании ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад. «Фълан М.Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор дорад, аз ин рӯ, баррасии даъвои ҳукумати пойтахи пас аз бозгашти раиси ҲНИТ ба Душанбе оғоз мегардад», – гуфт вай.
Номбурда таъкид кард, ки дар даъвои худ ҳукумати Душанбе талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.
Дар ҳамин ҳол, аз қароргоҳи марказии ҲНИТ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки сафари аввали моҳи ноябр оғозгардидаи Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар охири ҳамин моҳ ба итмом мерасад.
Ёдрас мекунем, ки суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис гардид.
Яке аз муаллифони лоиҳаи қонун Маҳмадшариф Ҳақдодов зимни шарҳи қонун изҳор карда буд, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии таъмини ҳифзи ҳавои атмосфераро дар кишвар муайян ва муносибатҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва корхонаву муассисаҳоро дар таъмини амнияти экологӣ танзим менамояд. Ба қавли ӯ, дар қонун ҳамчунин баргузории мониторинг оид вазъи ҳавои атмосфера ва дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои қонуншиканӣ, ба шахсони масъул ҷавобгарӣ низ пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ёдшуда Муҳиддин Кабирӣ аз сатҳи пасти фарҳанги экологӣ сухан гуфта, илова намуд, ки дар пойтахт касе ба буридани дарахтону буттаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намесозад ва ин кор хусусияти доимиро ба худ касб намудааст. «Дар Душанбе ба ивази гулгашту хиёбонҳо биноҳои оҳану бетонӣ қомат меафрозанд, ки ба низоми экологии шаҳр мушкилот эҷод месозанд», – гуфта буд раиси ҲНИТ.
Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ин хулосаи вакили парлумон мувофиқ набуда, дар даъвои худ ба суд талаб кард, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.
«Дар Душанбе буридани дарахту буттаҳо дар асоси қарори раиси шаҳр сурат мегирад, ки ин қарор бо пешниҳоду тавсияи Раёсати ҳифзи муҳити зист қабул мегардад», – иброз дошт сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти мақомоти шаҳрдории пойтахт Абдусалим Ҷӯраев.
Дар ҳамин ҳол ӯ қотеъона ба таври оммавӣ дар пойтахт буридани дарахту буттаҳоро рад кард.





