Беш аз 6 млн. сомонӣ барои барномаи ҳимояти иштирокчиёни истеҳсолоти судӣ

Наргис Ҳамробоева


Санаи 2-юми ноябри соли равон дар Тоҷикистон Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни истеҳсолоти судии ҷиноӣ барои солҳои 2013-2016 тасдиқ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов хабар дод, қонун «Дар бораи ҳимояти давлатии иштиркчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ» аввали соли гузашта қабул гардида, ҳадаф аз он амалисозии тадбирҳо дар таъмини ҳимояти давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштикчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ аст.

Ба қавли вай, маблағгузории барнома аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 6 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,3 млн. $) сурат мегирад.

«Маблағҳои барнома ба ҳимояти давлатии иштирокчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ, аз қабили муҳофизати шахсӣ, муҳофизати манзилу амвол, дастрасӣ ба воситаҳои махсуси муҳофизати инфиродӣ ва алоқа, таъмини махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсони таҳти ҳифозат қарордошта, кӯчонидан ба маҳалли дигари зист ё муваққатан ҷойгир кунонидани онҳо дар макони бехавф, иваз кардани ҳуҷҷатҳо, тағийри намуди зоҳирӣ ва ғайра равона мегардад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки Вазорати умури дохилии кишвар ҳамоҳангсози барнома буда, дар баробари дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии барнома масъул аст.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...