Ҳукми мӯйсафеди кислотапош ба рӯи судя бетағйир гузошта шуд

Ҳайати мушовараи зинаи таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и суди вилояти Суғд ҳукми содиршуда нисбат ба сокини 73-солаи шаҳри Исфара Зиёваддини Ҷӯраевро, ки ба рӯйи судя кислота пошида буд, бетағйир боқӣ гузошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари З.Ҷӯраев хабар дод, имрӯз ӯ ният дорад, ки дар бораи ба таъхир гузоштани иҷрои қарори суд нисбати зерҳимояаш дархост […]

Мавлуда Рафиева


Ҳайати мушовараи зинаи таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и суди вилояти Суғд ҳукми содиршуда нисбат ба сокини 73-солаи шаҳри Исфара Зиёваддини Ҷӯраевро, ки ба рӯйи судя кислота пошида буд, бетағйир боқӣ гузошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари З.Ҷӯраев хабар дод, имрӯз ӯ ният дорад, ки дар бораи ба таъхир гузоштани иҷрои қарори суд нисбати зерҳимояаш дархост пешниҳод намояд.

«Ҷӯраев шахси пиронсолу бемор ва дар қайди доимии даромнгоҳи бемориҳои дил қарор дорад. Агар суд дархости маро қонеъ насозад, ман ба суди зинаи назоратии вилояти Суғд бо тартиби назоратӣ шикоят мебарам», – гуфт Воҳидова.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли равон суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Зиёваддин Ҷӯраеви 73-соларо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 110, қ. 2 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 356, қ. 3 (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судии хатарнок барои ҳаёт ва саломатӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 8 солу 6 моҳи зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд.

Рӯзи 21-уми июли соли равон Зиёваддини Ҷӯраев ба ҳуҷраи кории судяи суди шаҳри Исфара Абдуҳамид Давронов ворид гардида, ба нишони эътироз аз ҳукми содиркардаи судя ба рӯйи ӯ кислота пошид, ки бар асари он 27%-и рӯйи судя осеб дид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.