Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Ҳамаи муттаҳамони парвандаи маъруф ба “табаддулоти давлатӣ”, ки тақрибан ду ҳафте пеш аз 8 то 27 сол равонаи зиндон шуданд, аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи кассатсионӣ шикоят кардаанд. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Аз ин ниҳоди қазоватӣ гуфтанд, ки вакилони дифои чеҳраҳои шинохта пас аз эълони ҳукм […]

Asia-Plus

Ҳамаи муттаҳамони парвандаи маъруф ба “табаддулоти давлатӣ”, ки тақрибан ду ҳафте пеш аз 8 то 27 сол равонаи зиндон шуданд, аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи кассатсионӣ шикоят кардаанд. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Аз ин ниҳоди қазоватӣ гуфтанд, ки вакилони дифои чеҳраҳои шинохта пас аз эълони ҳукм то 17-уми феврал шикояти кассатсиониро ба Додгоҳи олӣ супурдаанд.

“Пас аз се рӯзи эълони ҳукм ба Суди олӣ (Додгоҳи олӣ) аввалин шикояти кассатсионӣ ворид шуд, баъдан дигар судшудагон ҳам шикояти кассатсионӣ карданд. Ҳамаи муттаҳамони парванда то 17-уми феврал шикояти кассатсионӣ кардаанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар доираи ин парванда 9 кас, аз ҷумла 1 вакили парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон зиндонӣ гардиданд. Вакилони дифоъ ва пайвандони дастикам се тан аз маҳкумшудагон ҳам ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ба Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионӣ кардаанд.

Аз ҷумла, пайвандони Аҳмадшо Комилзода, муовини акнун пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки рӯзи 17-уми феврал ба зинаи болоии додгоҳ шикоят карда, хостори бозбинии ҳукм шудаанд.

Қаблан, вакилони дифоъ ва пайвандони Шокирҷон Ҳакимова, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, ҳам ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки аз болои ҳукм ба зинаи кассатсионӣ шикоят карда буданд.

Бояд гуфт, ки вакили дифои Рухшона Ҳакимова бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ, ки шартан татбиқ накардани ҷазоро пешбинӣ мекунад, озодии зерҳимояашро тақозо карда буд.

Маълум нест, ки ин ҳама шикоятҳои кассатсионӣ то кай баррасӣ мешаванд.

 

Боздошти чеҳраҳо аз кай оғоз шуд ва чаро онҳо дастгир шуданд?

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024, баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул зимни ҷаласаи парлумон дар назди вакилон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Пас аз ин, аз нимаи июни соли 2024 боздошти нафарони зерин расонаӣ шуд:

– Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;

– Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;

Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор (баъди боздошт аз вазифаи муовини раиси ҳизб барканор шуд);

– Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;

– Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;

– Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;

– Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.

Баъдтар маълум шуд, ки дар доираи ин парванда рӯзноманигори ҷавон Рухшона Ҳакимов низ бозпурсӣ шудаву алайҳаш парванда боз гардидааст, аммо бо сабаби доштани кӯдаки ширхор ӯ дар озодӣ боқӣ мондааст. Вале баъдӣ эълони ҳукм ӯ ба ҳабс гирифта шуд.

Мурофиаи аввали парвандаи чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябри соли 2024 дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) ва пушти дарҳои баста баргузор шуд.

Ҳамин тавр, пас аз қариб 3 моҳи муҳокима дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе, рӯзи 5-уми феврал нисбати 9 тан аз 8 то 27 сол ҳукми зиндон эълон гардид.

Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод. Ин чеҳраҳои сиёсат ба кадом гуноҳ айбдор шудаанд ва кӣ чанд сол равонаи зиндон гардидааст, дар ин хабари “Азия-Плюс”мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?