Хушдомани Манора барои ба худкуши расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, барои ба худкушӣ раоснидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, ҳукм имрӯз, 1-уми ноябр, аз ҷониби Суди ноҳияи Файзобод содир шуд ва Назирова бо қисми 2-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Бибикалон Назирова 8 соли зиндон талаб карда буд.

Дар мурофиаи додгоҳии пешин, Бибикалон Назирова дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкорр ҳисобида буд.

Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳии дуввум, ки рӯзи 11-уми октябр баргузор гардид, вакили дифои Назирова аз суд дархост карда буд, ки кирдори зерҳимояашро бо қисми 1-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст карда, нисбати ӯ қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро татбиқ ва ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шавад.

“Айбдоркунандаи давлатӣ нисбати дархости ҳимоятгар эътироз баён намуда, аз суд рад кардани онро талаб кард. Ҳамчунин, мавқеи айбдоркунандаи давлатиро ҷабрдида ва намояндаи ӯ дастгирӣ намуданд”, – гуфта буд, Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқҳои наздикони Манора ҳимоят мекунад.

Ёдовар мешавем, ки наздикони Манораи Абдуфаттоҳ чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.

Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонӣ ва суди Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...