ВКД: аъзои ҲНИТ ва ДИИШ мехостанд дар Исфара, Фархор ва Ваҳдат ҳодисаҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз се ҳодиса ё ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ кардааст. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, дар нашиасти имрӯзаи ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки ин ҳодисаҳоро аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва гуруҳи террористии ДИИШ қасд доштанд, содир кунанд. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода аз ин қазияҳо, як ҳодисаи террористӣ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз се ҳодиса ё ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ кардааст. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, дар нашиасти имрӯзаи ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки ин ҳодисаҳоро аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва гуруҳи террористии ДИИШ қасд доштанд, содир кунанд.

Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода аз ин қазияҳо, як ҳодисаи террористӣ дар Исфара ва ду  суиқасди террористӣ дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат бояд сурат мегирифт, ки мақомоти Тоҷикистон аз онҳо пешгирӣ кард. 

Ин дар ҳолест, ки ВКД мегӯяд, ки дар шаш моҳи аввали имсол 143 касро бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд.

Ба қавли Рамазон Раҳимзода, 23 нафари онҳо узви созмонҳои марбут ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳастанд.

ВКД мансубияти ин 143 нафарро дар нишасти матбуотӣ эълон кард:

“Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар

“Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар

“Салафия” – 45 нафар

“Гурӯҳи 24” – 13 нафар

ҲНИТ – 6 нафар

“Ансоруллоҳ” – 9 нафар

“Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар

“Ал-Қоида” – 3 нафар

“Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар

Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар

Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.