Дар Тоҷикистон хадамоти махсуси хостори аз байн рафтани давлати тоҷикон амал мекунанд, – назари С.Шарипов

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «То ҳол хавфи аз байн рафтани давлати тоҷикон, ки онро душманони миллати мо хоҳонанд, вуҷуд дорад», – изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ директори маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сӯҳроб Шарипов. Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ хадамоти махсусе амал мекунанд, ки фаъолияташон ба иҷрои ин мақсад […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «То ҳол хавфи аз байн рафтани давлати тоҷикон, ки онро душманони миллати мо хоҳонанд, вуҷуд дорад», – изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ директори маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сӯҳроб Шарипов.






Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ хадамоти махсусе амал мекунанд, ки фаъолияташон ба иҷрои ин мақсад нигаронида шудааст. «Баъзан онҳо аз нерӯҳои дохили кишвар истифода намуда, онҳоро муқобили давлатдории тоҷикон таблиғ мекунанд, – таъкид сохт С.Шарипов. – Ба ин хотир мо ӯҳдадорем, ки марзҳои худро муҳофизат намоем».





Вай афзуд, ки ягон ҳизби сиёсии кишвар набояд зидди андешидани чораҳои мақомоти роҳбарии ҷумҳурӣ садо баланд кунад. «Ҳукумати мо ба хубӣ медонад, ки қувваҳои мусаллаҳро куҷо равона созад ва касоне, ки муқобили иродаи мо баромад мекунанд, ба мо дӯст нестанд», – таъкид сохт директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ.





С.Шарипов падидаи маҳалгароиро боиси мавҷудияти як қатор мушкилот дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.





«Дар марҳилаи кунунӣ ҳеҷ касе хубтар аз ӯҳдаи идораи давлат чун Эмомалӣ Раҳмон баромада наметавонад», – изҳор дошт ӯ.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.