Як гурӯҳ коргарони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз мушкилоти пардохти музди меҳнат шикоят кардаанд

          Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Хатлон-пресс» – Як гурӯҳ коргарони нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-1 шикоят аз мушкилоти пардохти музди меҳнат карданд.                 Раҳматулло Иззатов, механики колоннаи механиконидашудаи ҶСК «Гидроэнергосстрои Осиёи Миёна» дар сӯҳбат чунин иброз доштааст: «Аз моҳи марти ҳамин сол то инҷониб маош нагирифтаем.»                Патов Геннадий Ахмедович, директори ҳамин ширкат бошад, ба иттилои […]

root



         

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Хатлон-пресс» – Як гурӯҳ коргарони нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-1 шикоят аз мушкилоти пардохти музди меҳнат карданд.





               

Раҳматулло Иззатов, механики колоннаи механиконидашудаи ҶСК «Гидроэнергосстрои Осиёи Миёна» дар сӯҳбат чунин иброз доштааст: «Аз моҳи марти ҳамин сол то инҷониб маош нагирифтаем.»




              

Патов Геннадий Ахмедович, директори ҳамин ширкат бошад, ба иттилои коргарон, аввали сол 200 нафар беҳтарин мутахассисони тоҷикро аввал муваққатан, баъд пурра аз кор пеш кард. Ҳамакнун коргарони рондашуда ҳудуди 4 моҳ мешавад, ки мунтазам, барои дарёфти ҷаноби Патов ва гирифтани маош ба шаҳри Душанбе ва нерӯгоҳ мераванд. Директори ширкат бошад, ҳамвора ба онҳо ваъдаи фардо медиҳад.




        


 

Ҳам коргарон аз он шикоят доштанд, ки мақомоти роҳбарӣ ваъда дода буданд, ки бо ба истифода дода шудани агрегати дуюми ҳамин нерӯгоҳ ба ҳама мукофотпулӣ медиҳанд, аммо боз дучори ваъдаи пуч шуданд.




          


     



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.