Ҳамкории бонкӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ ба ӯхдаи «Амонатбонк» вогузор гашт

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи фармони сарвари давлат ҳамкории бонкӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ӯҳдаи Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» вогузор гашт, ки дар фаъолияти байнулмилалии бонк қадами тоза маҳсуб мегардад. Муовини аввали раиси бонк Гулнора Ҳасанова изҳор дошт, ки бонк дар самти тоза фаъолияти мустақилонаи ҳамкориро бо созмонҳои молиявӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи фармони сарвари давлат ҳамкории бонкӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ӯҳдаи Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» вогузор гашт, ки дар фаъолияти байнулмилалии бонк қадами тоза маҳсуб мегардад. Муовини аввали раиси бонк Гулнора Ҳасанова изҳор дошт, ки бонк дар самти тоза фаъолияти мустақилонаи ҳамкориро бо созмонҳои молиявӣ роҳандозӣ хоҳад кард.






«Баргузории ҷаласаи раисони бонкҳои давлатии кишварҳои узви созмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи август дар шаҳри Душанбе яке аз иқдомҳои нахустин дар ин ҷода хоҳад буд», – гуфт Г.Ҳасанова.





Ба қавли ӯ, раисони бонкҳои давлатии кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Чин ва Тоҷикистон ният доранд, масоили ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи бонкҳоро ҳаллу фасл кунанд. «Мо умедворем, ки ҷаласаи номбурда дар сатҳи зарурӣ баргузор гашта, ҳамкориҳо вусъати тоза хоҳанд гирифт», – афзуд муовини аввали раиси бонк.





Ёдрас мекунем, ки Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» бо 15 бонкҳои ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.