Муассиси ҶДММ «Газовик-1» ба азхудкунии ҳудуди 70 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатӣ муттаҳам карда мешавад

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зимни санҷиши фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Газовик-1», ҳодисаҳои ба қонуншиканиҳои молиявӣ роҳ додани муассиси он Рустамхон Чориевро ошкор сохтанд. Аз агентӣ хабар доданд, ки ҶДММ «Газовик-1» мувофиқи шартнома бо муассисаи сохтмонӣ ӯҳдадор шудааст, дар хонаи истиқоматии 9-ошёна […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зимни санҷиши фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Газовик-1», ҳодисаҳои ба қонуншиканиҳои молиявӣ роҳ додани муассиси он Рустамхон Чориевро ошкор сохтанд.






Аз агентӣ хабар доданд, ки ҶДММ «Газовик-1» мувофиқи шартнома бо муассисаи сохтмонӣ ӯҳдадор шудааст, дар хонаи истиқоматии 9-ошёна дар кӯчаи Умеди шаҳри Душанбе таҷҳизоти газиро насб созад.





«Пудратчӣ саривақт ва бо сифати баланд корҳоро анҷом дод, вале зимни пешниҳоди ҳисобу китоби таҷҳизоти насбшуда арзиши онро нисбат ба нархҳои бозори кишвар бамаротиб зиёд нишон додааст», – изҳор дошт сарчашма ва афзуд, ки ҳамин тариқ ба давлат ба миқдори 69 ҳазору 171 сомонӣ хисорот ворид гардидааст.





Аз болои аъмоли муассиси ҶДММ «Газовик-1» тибқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ва камомад) ва 323-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.