Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо вазъи мубориза алайҳи қочоқи мавод

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ мулоқоти директори агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти сарварии намояндаи махсуси ИА оид ба масоили Осиёи Марказӣ Пйер Морел доир гардид. Аз дафтари матбуоти агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки П.Морел ба директори агентӣ оид ба фаъолияти […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ мулоқоти директори агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти сарварии намояндаи махсуси ИА оид ба масоили Осиёи Марказӣ Пйер Морел доир гардид.






Аз дафтари матбуоти агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки П.Морел ба директори агентӣ оид ба фаъолияти ИА дар мавриди таҳкими марзҳо ва мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишварҳои минтақа маълумот додааст.





«Зимни суханронӣ бобати нақшаҳои наздики ИА дар минтақа, ӯ зикр кард, ки иттиҳод масоили таъмини амният дар минтақа ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро аз масъалаҳои умда медонад, – идома дод манбаъ. –


Иттиходи Аврупо дар ҳамкорӣ бо Барномаи мубориза бо маводи мухаддири СММ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе ахири моҳи октябри соли ҷорӣ вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва намояндагони давлатҳои ИМА, Русия ва Чинро созмон хоҳад дод».





Ба иттилои сарчашма, дар вохӯри намояндагони Финландия чун кишвари раисикунанда дар иттиҳод низ ширкат хоҳанд варзид.





«Дар мулоқот масоили таҳкими назорати марзҳо, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва таҳияи стратегияи ҳамкорӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт».





Тибқи иттилои намояндаи агентӣ, директори он меҳмононро бо вазъи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар минтақа, фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт ошно сохт. Ӯ сатҳи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикисонро дар мубориза алаҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир қаноатбахш арзёбӣ намуд.





«Генерал Р.Назаров баргузории вохӯриҳои қарибулвуқӯъро муҳим дониста, пешниҳод кард, ки дар форуми моҳи октябр масъалаи ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байнулмилалӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳову барномаҳои мавҷуда муҳокима гардад», – афзуд манбаъ.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.