Коршиносони ИДМ лоиҳаи Созишнома дар бораи тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноатро барр

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) машварати дурӯзаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқа кардани тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат, санҷиш ва гувоҳнома додан ба кормандон оғоз мегардад. Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало изҳор дошт, ки лоиҳаи Созишномаро […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) машварати дурӯзаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқа кардани тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат, санҷиш ва гувоҳнома додан ба кормандон оғоз мегардад.






Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало изҳор дошт, ки лоиҳаи Созишномаро Кумитаи давлатии Украина оид ба таъмини бехатарӣ дар саноат, ҳифзи меҳнат ва назорати корҳо дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ таҳия намудааст ва он дар ҷаласаи шӯрои байнидавлатӣ оид ба таъмини бехатарӣ дар соҳаи саноат моҳи августи соли 2007 маъқул дониста шудааст.





Ба гуфтаи ӯ, дар санад риояи меъёрҳои мувофиқашудаи таъмини бехатарии кор дар саноат аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ пешбинӣ шудаанд.





«Ҷонибҳо ӯхдадор мешаванд, ки санадҳои ҳамдигарро, ки аз тарафи мақомоти ваолатдори кишварҳо дода шудааст, эътироф намоянд, – идома дод М.Гутсало. – Дар ҳамин ҳол, кишварҳо дар тасвиби санадҳои ғайриқонунӣ

 

низ масъул мебошанд».





Пас аз мувофиқасозии ниҳоӣ лоиҳа ба баррасии ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мегардад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.