Муовини раиси ҷамоати Деҳбаланди ноҳияи Мӯъминобод ба ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуд

Кӯлоб. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии минтақавии Кӯлоб ба ҳабси муовини раиси ҷамоати Деҳбаланди ноҳияи Мӯъминобод Ҳайдар Раҳимов иҷозат дод. Муовини додситони вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки нисбат ба боздоштшуда аз рӯи амалҳои ҷой доштани ҷиноят тибқи моддаи 247-и Кодекси […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии минтақавии Кӯлоб ба ҳабси муовини раиси ҷамоати Деҳбаланди ноҳияи Мӯъминобод Ҳайдар Раҳимов иҷозат дод.






Муовини додситони вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки нисбат ба боздоштшуда аз рӯи амалҳои ҷой доштани ҷиноят тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.





Ба гуфтаи додситон, Ҳ.Раҳимов ба ивази 1,2 ҳазор доллари амрикоӣ ба яке аз сокинони ҷамоат ҷудо кардани қитъаи заминро ваъда додааст.





«Сокини ҷамоат, ки бо ҳар роҳу восита мехост соҳиби қитъаи замин шавад, огоҳ набуд, ки муовини раиси ҷамоат чунин салоҳият надорад, – идома дод сарчашма. -Чун пешпардохт ӯ ба Ҳ.Раҳимов 400 доллари амрикоӣ медиҳад, вале дар мӯҳлати муқарраргашта қарори ҷудо намудани қитъаи заминро ба ӯ намедиҳанд ва ҷабрдида маҷбур мешавад, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд».





А.Розиқов ҳамчунин зикр кард, ки тафтишот ба зиммаи шӯъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб вогузор гаштааст.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.