Соли равон дар Суғд фаъолияти се гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир қатъ карда шуд

Хуҷанд. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ 16 ҷиноятро ошкор ва фаъолияти се гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни маводи мухадирро қатъ сохтанд. Мувофики маълумоти раёсати номбурда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 332 килову 120 грамм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 129 кг 332 грамми он героин аст. […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ 16 ҷиноятро ошкор ва фаъолияти се гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни маводи мухадирро қатъ сохтанд.






Мувофики маълумоти раёсати номбурда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 332 килову


120 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки

129 кг

332 грамми он героин аст.





«Дар фурудгоҳи Хуҷанд кӯшишҳои интиқоли маводи мухаддир ба шаҳрҳои Маскав ва Новосибирски Русия ҷилавгирӣ карда шуданд, – изҳор доштанд дар раёсат. – Дар маҷмӯъ, дар ин ҷо 6 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ошкор гардида, 7 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла се нафар занон боздошт шуданд».





Дар қаламрави Федератсияи Русия дар нимсолаи аввал 11 нафар шаҳрвандони вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуданд, ки чор нафари онҳо сокинони ноҳияи Мастчоҳ, се нафар аз Спитамен, ду нафар аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як нафар сокини шаҳри Панҷакент мебошанд.





То ҳол дар вилояти Суғд амалиёти густардаи «Кӯкнор-2008» идома дорад, ки дар баробари кормандони агентӣ дар он намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок мекунанд. Зимни баргузории амалиёт дар заминҳои бесоҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони

9,7 гектар

кишти бангдона ошкор гардида, беш аз 1 млн. 236 ҳазор ниҳоли он нест карда шуданд.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.