А.Раҳмонов ба сарварони мактаб-интернатҳо супориш дод, ки барои давраи тирамоҳу зимистон маҳсулоту сарулибос ва ангишт захира созанд

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо иштироки сарварони мактаб-интернатҳо семинари мавшваратии ҷумҳуриявӣ доир гашт. Аз дафтари матбуоти вазорати номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов аз сифати таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳо изҳори норозигӣ намуда, ба сарварони ин муассисаҳои таълимӣ супориш дод, ки ба соли […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо иштироки сарварони мактаб-интернатҳо семинари мавшваратии ҷумҳуриявӣ доир гашт.




Аз дафтари матбуоти вазорати номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов аз сифати таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳо изҳори норозигӣ намуда, ба сарварони ин муассисаҳои таълимӣ супориш дод, ки ба соли хониши оянда ба таври бояду шояд омода гарданд. Вазир ҳамчунин фармуд, ки то оғози соли нави хониш ҳамаи корҳои таъмиру сохтмон анҷом дода шаванд.



Дар машварат ҳамчунин зикр гардид, ки зарур аст, ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳамаҷониба омодагӣ гирифт. Аз ин рӯ, мебояд саривақт сарулибоси зимистона. маводи хӯрока ва ангиштро дастрас намуд.



Дар машварат ба масъалаи норасоии мутахассисони касбӣ ва беҳбуди назорати дохилии муассисаҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. А.Раҳмонов аз сатҳи пасти дониши толибилмон изҳори нигаронӣ намуда, ба сарварон супориш дод, ки ҳамасола се нафар хонанда барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ тайёр кунанд.



Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 78 мактаб-интернатҳо мавҷуданд, ки дар онҳо 8 ҳазору 834 нафар кӯдакону наврасон ба тарбияву таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ду ҳазор нафари тарбиятгирандагонро духтарон ташкил медиҳанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.