«Амонатбонк» қисмати саввуми қарзи ҳукуматиро барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ дастрас кард

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд рӯз пештар Вазорати молияи Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» қисмати саввуми қарзи ҳукуматиро барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ ҷудо кард. Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маблағҳои мазкур барои дастрас намудани маводи сӯзишвориву молиданӣ, нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоту техникае, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд рӯз пештар Вазорати молияи Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» қисмати саввуми қарзи ҳукуматиро барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ ҷудо кард.






Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маблағҳои мазкур барои дастрас намудани маводи сӯзишвориву молиданӣ, нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоту техникае, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта заруранд, истифода карда мешаванд.





Ба иттилои манбаъ, маблағ ба андозаи баробар (5 миллион сомонӣ) миёни вилоятҳои Суғду Хатлон тақсим мегардад.





Қобили зикр аст, ки аз маблағи умумии 130 миллион сомонӣ ҷудошудаи қарзи ҳукуматӣ барои татбиқи механизми нави таъмини молиявии хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ,

 

қисмати аввалу дуввуми маблағҳо 30 миллион сомониро ташкил доданд.





Қаблан муовини раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова иттилоъ дода буд, ки маблағҳои мазкур дар байни 533 хоҷагии пахтакори вилояти Суғду Хатлон ҷудо гардиданд, ки қарзи ҷудогардида ба вилояти Суғд 10 миллион сомонӣ ва ба вилояти Суғд

 

20 миллион сомонӣ рост меомад.





«Амонатбонк» ба хоҷагиҳои пахтакор аз рӯи андозаи 18% қарз ихтисос медиҳад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.