Мораторияи санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна барои ҷалби сармоягузорон шароити хуб муҳайё хоҳад сохт, – назари коршинос

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми Шӯрои машваратии нахустини имсола оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон директори Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Масару Хонма изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар доираҳои тиҷоратии ҷаҳон ва ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми Шӯрои машваратии нахустини имсола оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон директори Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Масару Хонма изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар доираҳои тиҷоратии ҷаҳон ва ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.




«Дар ҷаласаи шӯрои имрӯза таҳти раёсати президенти Тоҷикистон барои расидан ба комёбиҳо дар ин самт заминаи мустаҳкам гузошта шуд», – гуфт ӯ.



Мавсуф зикр кард, ки фармон дар бораи мораторияи санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшида, барои ҷалби сармоягузорон шароитҳои хеле мусоид фароҳам хоҳад сохт.



«Хурсандиовар аст, ки дар қатори намояндагони сохторҳои давлатӣ намояндагони бахши соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон низ узви шӯро гаштанд», – афзуд М.Хонма.



Дар ҳамин ҳол, раиси Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева, ки яке аз аавлинҳо шуда миёни соҳибкорон узви шӯрои машваратӣ гардид, гуфт, ки аз фаъолияти шӯро умеди калон дорад. «Миёни ҳукумат ва доираҳои тиҷоратӣ гуфтушуниди созанда оғоз шуд ва бовар дорем, ки минбаъд тартиби бақайдгирии шахсони хуқуқӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои гумрукӣ бамаротиб осонтар карда мешаванд», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.